Дар бораи ширкати ҶСП ТИМХ "Стандарт-иҷора"

ҶСП ТИМХ «Стандарт-иҷора» 02.01.2015 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷораи молиявӣ” (лизинг)” ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҷиҳати доир намудани амалиётҳои лизингӣ таъсис дода шудааст.

Айни замон ташкилот як ширкати универсалии лизингӣ маҳсуб ёфта, дорои таҷрибаи бойи фаъолият дар соҳаи лизинг аст ва дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи васеи хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд. Ширкат бо соҳибкорони инфиродӣ, тиҷорати хурд, миёна ва калон ҳамкорӣ мекунад.

Тайи солҳои зиёди фаъолият Ширкат дар ҳалли масоили душвортарини молиявӣ дар лоиҳаҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва истеҳсолкунандагони ҷаҳонии техника ва таҷҳизоти сохтмонӣ, инчунин корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст.

Бо доштани иттилооти васеъ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастрасӣ ба маблағгузории зарурӣ, ҶСП ТИМХ «Стандарт-иҷора» барои рушди тиҷорат роҳҳалли инфиродӣ пешниҳод менамояд, ки он имкон медиҳад тиҷорат ба авҷи нав бардошта шавад!

Афзалиятҳои асосии ҳамкорӣ бо мо:

·   менеҷери шахсӣ

·   сафари менеҷер тибқи дархост

·   низоми чандири тахфифҳо

·   кумаки ҳамаҷониба зимни барасмиятдарории муомилот

·   машваратҳои муфассал дар дилхоҳ марҳилаи ҳамкорӣ

·   интихоби имкони таҷдиди сохтори ҷадвали пардохт

·   дастгирӣ зимни ҳолатҳои суғуртавӣ

·   ҳангоми зарурат ба таъхир гузоштани пардохт

·   номгӯи васеи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда

·   кафолат ба хизматрасониҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра

 

·   дастрас будан