Дар бораи лизинг

Лизинг – иҷораи дарозмуддати воситаҳои нақлиёт, мошинҳо, таҷҳизоти гуногун мебошад, ки имконияти харидории минбаъдаи онҳоро дар назар дорад. Лизинг дар асоси шартномаи дарозмуддат (шартномаи лизинг)-и миёни Ширкати лизингӣ (Лизингдеҳ), ки таҷҳизот (мавзӯи лизинг)-ро бо маблағҳои худӣ харидорӣ намуда, ба истифодабарандаи минбаъда (Лизинггир) ба иҷораи молиявӣ медиҳад ва Лизинггир дар навбати худ маблағҳои ҳармоҳа (пардохтҳои лизингӣ)-ро барои истифодаи моликияти лизингӣ пардохт менамояд, амалӣ карда мешавад.

Фаъолияти лизингӣ – намуди фаъолияти сармоягузорӣ оид ба харидории моликият ва пешниҳоди он тавассути лизинг мебошад.

 

Субъектҳои лизинг инҳо мебошанд:

Лизингдеҳ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ҳисоби маблағҳои ҷалбгардида ё худӣ дар ҷараёни татбиқи шартномаи лизинг молу мулкро ба моликият мехарад ва онро ба сифати мавзӯи лизинг ба Лизинггир ба ивази маблағи муайян ба муҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ бо гузаштан ё нагузаштани ҳуқуқи моликият ба мавзӯи лизинг медиҳад.

Лизинггир шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи шартномаи лизинг вазифадор аст, мавзӯи лизингро ба ивази маблағи муайян ба муҳлат ва бо шартҳои муайян барои соҳибӣ ва истифодаи муваққатӣ қабул намояд.

Фурӯшанда (таҳвилгар) – шахси ҳуқуқие, ки Лизингдеҳ бо он шартномаи хариду фурӯш мебандад ва мавзӯи лизинги нишондодаи Лизинггирро харидорӣ менамояд. Фурӯшанда – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие аст, ки мутобиқи шартнома молу мулкеро, ки  мавзӯи лизинг ҳисоб мешавад, ба Лизингдеҳ дар муҳлати шартгардида мефурӯшад. Фурӯшанда ҳамзамон метавонад дар доираи як муносибати ҳуқуқии лизинг  ба сифати Лизинггир  баромад намояд.

Боз якчанд мафҳумҳои асосӣ:

Шартномаи лизингаҳди хаттии шаҳрвандӣ-ҳуқуқиест, ки мутобиқи он Лизингдеҳ уҳдадор мешавад молу мулки нишондодаи Лизинггирро аз Фурӯшандае, ки ҳамин Лизинггир муайян кардааст, ҳамчун моликият харидорӣ намуда, онро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии бо пардохт барои мақсадҳои соҳибкорӣ ба Лизинггир пешниҳод намояд.

Мавзӯи лизинг  метавонад ҳама гуна ашёву анҷоми ғайриистеъмолӣ, аз ҷумла корхонаҳо ва дигар маҷмааи амволӣ, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқуле бошад, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд. Мавзӯи лизинг наметавонад қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ ва инчунин амволе бошад, ки гардиши озоди он бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ  карда шудааст, ё барои он тартиби махсуси муомилот муқаррар гардидааст. Мавзӯи лизинг, ки барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатӣ ба Лизинггир дода шудааст, моликияти Лизингдеҳ мебошад. Ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодабарии мавзӯи лизинг  дар ҳаҷми пурра ба Лизинггир мегузарад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Ҳуқуқи ихтиёрдории Лизингдеҳ ба мавзӯи лизинг  аз ҳуқуқи гирифтани мавзӯи лизинг аз соҳибӣ ва истифодабарии Лизинггир дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи лизинг муқаррар намудааст, иборат мебошад. Мавзӯи лизинг, ки мутобиқи шартномаи лизинг ба Лизинггир дода шудааст, бо созишномаи тарафҳо дар тавозуни Лизингдеҳ ё Лизинггир ба ҳисоб гирифта мешавад.